RSF аз "Толибон" хост, ба хабарнигорони зан иҷозаи кор диҳад
     TJ RU EN
07:28 / 2024-12-20

RSF аз "Толибон" хост, ба хабарнигорони зан иҷозаи кор диҳад

Созмони Хабарнигорони Бидуни Марз (RSF), қароргоҳаш дар Париж, аз раҳбарияти "Толибон" хостааст, ки озодӣ ва амнияти журналистони занро дар Афғонистон замонат диҳанд. Ҷое, ки гуфта мешавад, садҳо хабарнигори зан маҷбуранд, дар хона бимонанд.

Гурӯҳи "Толибон" 15-уми август, пас аз суқути ҳукумати зери ҳимояти Ғарб, назорат бар Афғонистонро (ба истиснои вилояти Панҷшер) ба даст гирифт.

Хабарнигорони Бидуни Марз рӯзи 31-уми август гуфт, бар асоси таҳқиқоти онҳо феълан камтар аз 100 зан дар радио ва телевизионҳои Кобул фаъолият доранд. Ин дар ҳолест, ки ба иттилои созмон, соли гузашта шумораи онҳо ба 700 кас мерасид.

"Дар вилоятҳое, ки бо пешрафти нерӯҳои "Толибон" қариб ҳамаи расонаҳои хусусӣ аз фаъолият монданд, аксар занони рӯзноманигор маҷбур аз кор даст кашиданд", - омадааст дар изҳороти созмон.

Ба иттилои созмон, берун аз пойтахт, шумораи андаки занони рӯзноманигор "ҳоло ҳам камобеш аз хона кор мекунанд", дар ҳоле ки дар соли 2020 шумораи онҳо дар расонаҳои вилояти Кобулу Ҳирот ва Балх беш аз 1700 нафар буд.

Кристоф Делуар, дабири кулли Хабарнигорони Бидуни Марз, мегӯяд, занони рӯзноманигор дар Афғонистон бояд "бояд ҳарчӣ зуд бидуни таъқиб кори худро дубора оғоз кунанд, зеро ин ҳуқуқи асосии онҳост."

https://www.ozodi.org/a/31438523.html


Тақвим

<< < Декабрь 2020 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      
 
Пайвандҳои лозима